ТАЛАБОТ ВА ҚОИДАҲОИ ТАЙЁР НАМУДАНИ МАҚОЛАҲОИ ИЛМӢ
(Замимаи 2 ба фармони раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 декабри соли 2024, № 493 «Дастурамал оид ба тартиби таҳияи диссертатсия, автореферати диссертатсия ва дигар маводи илмӣ»)
Мақолаи илмӣ асари аз ҷиҳати мантиқӣ анҷомёфта буда, ба масъалаи мушаххасе аз доираи мушкилоте бахшида мешавад, ки довталаби дараҷаи илмӣ онҳоро дар диссертатсияи худ таҳқиқ менамояд. Мақолаи илмӣ натиҷаҳои муҳимтарини бадастовардаи довталаби дараҷаи илмиро инъикос намуда, тавзеҳ ва асосноккунии муфассалтарро талаб мекунад. Одатан мақолаи илмӣ барои нашр ба ҳайати таҳририяи маҷаллаи илмии тақризшаванда дар яке аз шаклҳои зерин пешниҳод мегардад:
- мақолаи илмии назариявӣ;
- мақолаи илмии эмпирикӣ.
Мақолаи илмии назариявӣ, ки барои нашр дар маҷаллаҳои илмии тақризшаванда пешбинӣ шудааст, бояд сохтори зеринро дошта бошад:
Муқаддима бояд унсурҳои зеринро дар бар гирад:
Оғоз. Дар ин қисмат аҳамияти омӯзиши мавзуи интихобшуда таъкид карда мешавад. Ҳаҷм вобаста ба мураккабии масъалаи таҳқиқшаванда метавонад аз 1–2 сархат то 1–2 саҳифаро ташкил диҳад. Баррасии мухтасари сатҳи омӯзиши илмии мавзуъ ва асоснок намудани зарурати таҳқиқи минбаъдаи он пешниҳод карда мешавад. Зарур аст, ки асарҳои илмие зикр шаванд, ки дар онҳо ҷанбаҳои гуногуни масъалаи мазкур баррасӣ гардидаанд. Ин қисматро метавон ҳамчун заминаҳои назариявии таҳқиқот тавсиф намуд. Дар ин ҷо методология, консепсияҳо ва назарияҳое, ки муаллиф ба онҳо такя мекунад, нишон дода мешаванд.
Ҳадафи таҳқиқот. Дар баробари муайян намудани ҳадафи таҳқиқот, дар ин қисмат инчунин метавонад фарзияи таҳқиқот пешниҳод карда шавад. Дар баъзе ҳолатҳо барои сохторнокии беҳтари мақола саволҳои таҳқиқотӣ низ муайян карда мешаванд. Зарурати омӯзиши мавзуъ дар он ҳолат асоснок мегардад, ки дар таҳқиқоти илмии мавҷуда холигии илмӣ ошкор карда шавад.
Усулҳои таҳқиқот. Дар ин қисмати муқаддима номбар намудани усулҳои умумии илмӣ мувофиқи мақсад нест. Ба ҷойи ин, муаллиф метавонад усули махсуси таҳқиқотии худро, агар он дар таҳқиқот истифода шуда бошад, тавсиф намояд (унсури тавсияшаванда).
Қисми асосӣ (метавонад вобаста ба ҷанбаҳои мавзуъ зерсарлавҳаҳоро дар бар гирад).
Қисми асосии мақолаи илмии назариявӣ бояд инҳоро фаро гирад:
– таҳлил ва тавсифи адабиёти илмӣ;
– баёни адабиёт ё ҷанбаҳои алоҳидаи масъала дар пайдарпаии мантиқӣ ва хронологӣ;
– нишон додани меъёрҳои интихоби манбаъҳо, муаллифони асосӣ ва дар ҳолати зарурӣ усули интихоби адабиёт;
– таҳлили амиқи назариявӣ бо муайян намудани равишҳои мавҷуда, муқоиса ва арзёбии интиқодии онҳо.
Муҳокима. Дар ин қисмат натиҷаҳои таҳқиқот таҳлил ва тафсир карда мешаванд. Зарур аст, ки дақиқ нишон дода шавад, оё ҳадафи таҳқиқот ба даст омадааст, фарзия тасдиқ гардидааст ё рад шудааст.
Маҳдудиятҳои таҳқиқот (унсури тавсияшаванда). Дар ин қисмат мушкилот ва маҳдудиятҳое, ки муаллиф ҳангоми таҳқиқот дучор гардидааст, нишон дода мешаванд.
Хулоса. Ҳаҷми хулоса аз 1 то 2 саҳифа мебошад. Дар он натиҷаҳои асосии таҳқиқот мухтасар баён гардида, аҳамияти онҳо барои рушди илм таъкид карда мешавад. Ҳамчунин муаллиф метавонад самтҳои таҳқиқоти минбаъдаро нишон диҳад. Аз хулоса хонанда бояд равшан дарк намояд, ки ҳадафи таҳқиқот ба даст омадааст ё не ва фарзия тасдиқ гардидааст ё не.
Рӯйхати адабиёти истифодашуда.
Мақолаи илмии эмпирикӣ, ки барои нашр дар маҷаллаи илмии тақризшаванда пешбинӣ шудааст, бояд сохтори зеринро дошта бошад:
Муқаддима
Муқаддимаи мақолаи илмии эмпирикӣ бояд унсурҳои зеринро дар бар гирад:
Оғози муқаддима – тавсифи умумии аҳамияти мавзуъ ва мубрамияти таҳқиқи он. Ин қисмат вобаста ба мураккабии мавзуъ метавонад аз 2–3 сархат то 2–3 саҳифаро дар бар гирад. Дар ин ҷо зарурати омӯзиши мавзуъ асоснок карда шуда, инчунин тавсифи адабиёти илмӣ пешниҳод мегардад (унсури ҳатмӣ). Инъикоси умумии масъала дар илм, яъне зикри муаллифоне, ки дар ин самт таҳқиқот анҷом додаанд, бояд оварда шавад. Ҳамчунин бояд консепсияҳо, равишҳои назариявӣ ва усулҳои пешниҳоднамудаи дигар муҳаққиқон зикр карда шаванд (унсури ҳатмӣ).
Ҳадафи таҳқиқот
Ҳадафи таҳқиқот бояд бо мубрамияти мавзуъ алоқаманд буда, пур намудани холигии мавҷудаи донишҳои илмиро инъикос намояд. Дар ин қисмат инчунин метавонад фарзияи таҳқиқот пешниҳод карда шавад. Баъди муайян намудани ҳадаф саволҳои таҳқиқотӣ низ метавонанд пешниҳод шаванд (унсури ҳатмӣ).
Усулҳо ва методология
Ин қисмати мақола бояд унсурҳои зеринро дар бар гирад:
Усулҳо. Дар ин ҷо усулҳои умумии илмӣ номбар карда намешаванд. Истифодаи усулҳои махсуси илмӣ иҷозат дода мешавад. Вале дар аксари ҳолатҳо методикаи таҳиянамудаи худи муаллиф пешниҳод мегардад, ки барои дарки таҳқиқоти ӯ зарур мебошад (усулҳо, марҳилаҳои таҳқиқот, меъёрҳои таҳқиқот ва ғайра) (унсури ҳатмӣ).
Мавод
Мавҷудияти ин бахш аз усули таҳқиқот вобаста аст. Агар дар ҷараёни таҳқиқот маводи мушаххас истифода шуда бошад, онҳо бояд номбар ва тавсиф карда шаванд. Дар ин ҷо сохтори мавод ва меъёрҳои интихоби онҳо нишон дода мешаванд, масалан, пурсишномаҳо, манбаъҳои гуногун ва ғайра.
Иштирокчиён
Мавҷудияти ин бахш низ аз усули таҳқиқот вобаста аст. Масалан, агар назарсанҷӣ ё пурсиш гузаронида шуда бошад, дар ин қисмат иштирокчиёни таҳқиқот нишон дода мешаванд. Иштирокчиён метавонанд аз рӯи синну сол, ҷинс, мақоми иҷтимоӣ ва дигар нишондодҳо тавсиф карда шаванд.
Тартиби гузаронидани таҳқиқот
Дар ин бахш нишон дода мешавад, ки таҳқиқот бо истифода аз усулҳо ва маводи муайяншуда чӣ гуна анҷом дода шудааст. Тартиби таҳқиқот бояд тавре шарҳ дода шавад, ки дигар муҳаққиқон тавонанд онро такрор намоянд (унсури ҳатмӣ).
Натиҷаҳои таҳқиқот
Дар ин бахш натиҷаҳои асосии таҳқиқот бе шарҳу тавзеҳоти иловагӣ пешниҳод карда мешаванд. Ҳама гуна тафсир ва шарҳи натиҷаҳо бояд ба бахши «Муҳокима» гузаронида шавад. Дар ин бахш инчунин истифодаи ҷадвалҳо ва диаграммаҳо мувофиқи мақсад мебошад. Натиҷаҳо метавонанд ба зербахшҳо ҷудо карда шаванд (унсури ҳатмӣ).
Муҳокимаи натиҷаҳои таҳқиқот
Ин бахши мақолаи эмпирикӣ бояд унсурҳои зеринро дар бар гирад:
Муҳокимаи натиҷаҳои таҳқиқот – дар ин ҷо натиҷаҳо тафсир ва шарҳ дода мешаванд. Тавассути таҳлили натиҷаҳо нишон дода мешавад, ки то кадом андоза ҳадафи таҳқиқот амалӣ гардидааст, фарзия дуруст будааст ё не, инчунин натиҷаҳо бо натиҷаҳои таҳқиқоти дигар олимон муқоиса карда мешаванд (унсури ҳатмӣ).
Маҳдудиятҳои таҳқиқот
Дар ин бахш мушкилот ва маҳдудиятҳое, ки муаллиф ҳангоми анҷоми таҳқиқот дучор гардидааст, нишон дода мешаванд. Масалан, норасоии мавод, маҳдудияти вақт ва дигар омилҳо (унсури тавсияшаванда).
Саҳми муаллиф дар омӯзиши мавзуъ
Дар ин бахш нишон дода мешавад, ки саҳми муаллиф ё таҳқиқоти анҷомдодаи ӯ ба рушди илм чӣ гуна таъсир расонидааст. Ҳаҷми ин бахш метавонад аз 1–2 ҷумла то 1–2 сархатро ташкил диҳад. Натиҷаҳои таҳқиқот ҳамчун саҳми муаллиф дар омӯзиши масъала мухтасар баён карда мешаванд. Ин бахш метавонад дар заминаи навгонии илмии таҳқиқот низ таҳия гардад (унсури ҳатмӣ).
Хулоса
Ҳаҷми хулоса аз 1 то 2 саҳифа мебошад. Дар он натиҷаҳои асосии таҳқиқот мухтасар баён гардида, аҳамияти онҳо барои рушди илм таъкид карда мешавад. Муаллиф инчунин метавонад самтҳои таҳқиқоти минбаъдаро нишон диҳад. Аз хулоса бояд равшан бошад, ки ҳадафи таҳқиқот ба даст омадааст ё не ва фарзия тасдиқ гардидааст ё не (унсури ҳатмӣ).
Рӯйхати адабиёти истифодашуда
Барои мақолаҳои илмии назариявӣ ва эмпирикӣ, ғайр аз матни асосии мақола ба се забон (тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ), маълумоти зерин низ омода карда мешавад:
– унвони мақола;
– маълумот дар бораи муаллиф (афилиатсия);
– аннотатсия;
– калимаҳои калидӣ.
Аннотатсия бояд аз 150 калима зиёд набошад ва ҳадафи таҳқиқот, усулҳои истифодашуда, натиҷаҳо, навгонии илмӣ ва тавсияҳои амалиро дар бар гирад.
Калимаҳои калидӣ то 15 калима буда, бо ҳарфҳои хурд, аз рӯи тартиби алифбо ва бо вергул ҷудо карда мешаванд.
Мақола бояд дар барномаи MS Word (Times New Roman, андозаи ҳарф 14, фосилаи байнисатрӣ 1,5) омода гардида, дар формати А4 пешниҳод карда шавад. Ҳамаи ҷадвалҳо, расмҳо, схемаҳо ва диаграммаҳо бояд равшан буда, дар матн рақамгузорӣ шаванд. Диаграммаҳо илова бар шакли тасвирӣ, дар формати Microsoft Excel низ пешниҳод карда мешаванд.
