Асосӣ

«Паёми филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе» (силсилаи илмҳои табиӣ ва заминшиносӣ) — маҷаллаи илмии тақризшаванда буда, соли 2016 таъсис ёфтааст (Шаҳодатномаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон № 0247/ЖР аз 17 декабри соли 2015, № 194/ЖР аз 19 марти соли 2021, № 344/ЖР–97 аз 28 майи соли 2024). Маҷалла мақолаҳои илмӣ-тадқиқотиро ба забонҳои русӣ, тоҷикӣ ва англисӣ нашр намуда, ба инъикоси масъалаҳои мубрами таҳқиқоти илмҳои табиӣ ва таҳқиқоти байнисоҳавӣ равона гардидааст.

«Паёми филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе» (силсилаи илмҳои табиӣ ва геологӣ) маҷаллаи даврии семоҳа мебошад.

Самтҳои илмии маҷалла:

 математика; кимиё; заминшиносӣ.

Муаллифони маҷалла кормандони филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе (устодон, аспирантон ва докторантон), мутахассисони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва муассисаҳои илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Москва ва донишгоҳҳои хориҷӣ мебошанд. Маҷалла ба рӯйхати нашрияҳои илмии тақризшавандаи Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил гардида, дар Шохиси илмии иқтибосоварии Россия (ШИИР) ба қайд гирифта шудааст.