Одоби нашриявӣ

Сиёсати таҳририи маҷаллаи илмии филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе ба принсипҳои умумэътирофшудаи ахлоқи нашрияҳои илмии даврӣ асос ёфта, бо дарназардошти меъёрҳои ахлоқии фаъолияти муҳаррирон ва ноширон, ки дар Кодекси рафтор ва дастурҳои таҷрибаи беҳтарин барои муҳаррирони маҷаллаҳо (Code of Conduct and Best Practice Guidelines for Journal Editors) ва Кодекси рафтор барои ноширони маҷаллаҳо (Code of Conduct for Journal Publishers), таҳиянамудаи Кумитаи одоби нашриявӣ (Committee on Publication Ethics – COPE) муқаррар шудаанд, амалӣ мегардад.

Дар раванди фаъолияти нашриявӣ ҳайати таҳририя Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» аз 19.03.2013 № 961, «Дар бораи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он» аз 13.11.1998 № 726, «Дар бораи фаъолияти нашриётӣ ва полиграфӣ» аз 23.07.2016 № 1327, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм, Оинномаи Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов ва Низомномаи филиалро роҳнамоӣ менамояд.

Ҳайати таҳририя аз муаллифон хоҳиш менамояд, ки қоидаҳои зеринро риоя намоянд.

Меъёрҳои мақолаҳои пешниҳодшаванда

– Мақолаи қаблан нашрнашударо пешниҳод намоянд;

– Мақола бояд танҳо натиҷаҳои аслии фаъолияти илмии муаллиф(он)-ро дар бар гирад. Муаллифон аслияти таҳқиқотро кафолат медиҳанд;

– Ҳангоми истифодаи порчаҳо ё андешаҳои дигарон зикри ҳатмии муаллиф ва манбаи аввалия зарур аст;

– Иқтибосгирии нодуруст, плагиат ва худиқтибосгирии аз ҳад зиёд роҳ дода намешавад;

– Дастнавис бояд ҳамаи истинодҳои пешбининамудаи қонунгузории ҳуқуқи муаллифро ба муаллифон ва манбаъҳои иқтибосшуда дар бар гирад;

– Муаллиф барои гирифтани ҳамаи иҷозатҳои зарурӣ нисбат ба натиҷаҳо, далелҳо ва дигар маводи истифодашудае, ки соҳиби ҳуқуқи онҳо нест, масъул мебошад;

– Ба ҳайси муаллиф танҳо он шахсоне нишон дода мешаванд, ки дар ба даст овардани натиҷаҳои таҳқиқот саҳми назарраси зеҳнӣ гузоштаанд;

– Ҳангоми ирсоли мақола ҳамаи муаллифон бояд ба нашри он ва ба тартиби ҷойгиршавии номҳои муаллифон розӣ бошанд;

– Дар рӯйхати адабиёти истифодашуда танҳо он манбаъҳое оварда мешаванд, ки воқеан дар таҳқиқот истифода шудаанд ва дар матн ба онҳо истинод мавҷуд аст;

– Маълумоте, ки асоси таҳқиқотро ташкил медиҳад, бояд аз манбаъҳои расмӣ ва боэътимод гирифта шуда, истиноди онҳо дар матни мақола ҳатман нишон дода шавад;

– Маълумот дар бораи манбаъҳои маблағгузории таҳқиқот (лоиҳа, НИР, грант ва ғайра) пешниҳод карда шавад;

– Мақола бояд мутобиқи талаботи маҷалла таҳия гардад.

Принсипҳои тақриз

– Тақризи мақолаҳо мутобиқи принсипи «тақризи дуҷонибаи кӯр» анҷом дода мешавад: муаллифон номи тақриздиҳандагонро намедонанд ва тақриздиҳандагон номи муаллифонро;

– Ҳар як дастнавис ҳамчун ҳуҷҷати махфӣ баррасӣ мешавад. Паҳн намудан ё нашр кардани маводи ба дастомада аз ҷониби тақриздиҳанда, аз ҷумла барои мақсадҳои шахсӣ ё тақризи кушода, манъ аст;

– Ҳадафи тақриз ибрози андешаи мустақили коршинос оид ба эътимоднокӣ, навгонӣ ва аҳамияти натиҷаҳои таҳқиқот мебошад;

– Объекти тақриз натиҷаҳои таҳқиқот мебошанд. Хулосаи коршиносӣ бояд беғараз бошад. Ихтилофи мавқеи илмии муаллиф ва тақриздиҳанда метавонад асос барои баҳси илмӣ бошад, вале худ ба худ сабаби рад намудани мақола шуда наметавонад;

– Мақолае, ки бори дуюм аз ҷониби тақриздиҳанда(гон) рад карда шудааст, аз баррасии минбаъда хориҷ мегардад;

– Мақола танҳо дар ҳолати мавҷуд будани тақризи мусбат ва дастгирии ҳайати таҳририя барои нашр қабулшуда ҳисобида мешавад;

– Навбати нашри мақола вобаста ба санаи ворид гардидани нусхаи ниҳоии он муайян карда мешавад.

Вайронкуниҳо ва масъулият

– Агар нақзи меъёрҳои одоби нашриявӣ аз ҷониби муаллиф ҳангоми баррасии мақола ошкор гардад, он метавонад сабаби кофӣ барои рад намудани нашри мақола бошад;

– Нақзи меъёрҳои одоби нашриявӣ аз ҷониби тақриздиҳанда ё муҳаррир метавонад сабаби қатъ намудани ҳамкорӣ бо онҳо гардад;

– Вайронкуниҳое, ки пас аз нашри мақола ошкор мешаванд, тибқи таҷрибаҳои тавсиянамудаи ҳайати таҳририя мавриди баррасии муфассал қарор мегиранд;

– Вайронкуниҳои хурд метавонанд тавассути нашри тавзеҳоти расмӣ ислоҳ карда шаванд;

– Вайронкуниҳои ҷиддӣ боиси бозхонди мақола аз нашр мегарданд ва дар бораи он дар саҳифаҳо ва сомонаи маҷалла иттилоъ дода мешавад;

– Далели нақзи одоби нашриявӣ танҳо бо иштироки ҳамаи ҷонибҳои баҳс муайян карда мешавад;

– То муайян шудани чунин далел, ҳолат ҳамчун гумони нақзи одоби нашриявӣ арзёбӣ мегардад; – Ҳамаи чунин ҳолатҳо ҳатман аз ҷониби ҳайати таҳририяи маҷалла баррасӣ карда мешаванд.