Маҷаллаи илмии «Паёми филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе» соли 2016 таъсис ёфтааст:
Силсилаи илмҳои табиӣ ва заминшиносӣ (Шаҳодатномаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон № 344/ЖР–97 аз 28 майи соли 2024).
Маҷалла дорои рақами байналмилалии стандартии нашрияи даврӣ (ISSN): 2709-6238 мебошад.
Маҷалла нашрияи илмие мебошад, ки дар он натиҷаҳои бунёдӣ ва амалии таҳқиқоти илмии олимони Филиал, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва марказҳои илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷӣ дар шакли мақолаҳои аслии илмӣ, маводи илмӣ-тафсирӣ ва амалӣ, иттилооти илмӣ, ҳисоботҳо ва хулосаҳо оид ба мавзуъҳои алоҳидаи таҳқиқоти илмӣ ба нашр мерасанд.
Маҷалла ҳар семоҳа (4 шумора дар як сол) нашр мешавад. Номгузорӣ ва муҳтавои бахшҳои нашрия ба соҳаҳои илм ва гурӯҳҳои ихтисосҳои кормандони илмӣ, ки аз ҷониби Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудаанд, мутобиқат менамояд.
Маҷалла тамоми маводҳои ба ҳайати таҳририя воридшавандаро, ки ба самтҳои мавзӯии он мувофиқат мекунанд, бо мақсади арзёбии мустақили илмӣ тақриз менамояд. Ҳамаи тақриздиҳандагон мутахассисони шинохташуда дар соҳаи маводи тақризшаванда буда, дорои интишороти дахлдори илмӣ мебошанд.
Нашрия аз 15 марти соли 2017 дар Индекси илмии иқтибосоварии Русия (РИНЦ) (Иҷозатнома № 121-03/2017) ба қайд гирифта шуда, ба РИНЦ оид ба мақолаҳои илмии дар шумораҳои нашршуда интишоргардида маълумот пешниҳод менамояд. Бойгонии электронии маҷалла дар сомонаи он ҷойгир карда шудааст. Мундариҷаи маҷалла инчунин дар Индекси илмии иқтибосоварии Русия (Китобхонаи электронии илмии eLIBRARY.RU) пешниҳод гардидааст. Дар сомонаи маҷалла ҳамаи маводҳо дар дастрасии озод қарор доранд.
Ба ҳайати таҳририя 21 доктори илм ва 13 номзади илм аз ҳисоби кормандони илмӣ ва илмӣ-омӯзгории Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов ва филиали он дар шаҳри Душанбе, инчунин марказҳои пешбари илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил мебошанд. Ҳамаи аъзои ҳайати таҳририя мутахассисони эътирофшуда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия мебошанд.
Ҳамаи мақолаҳои илмии нашршаванда дорои рӯйхати адабиёти истифодашуда мебошанд, ки мутобиқи талаботи нашрия тартиб дода шудаанд, инчунин калимаҳои калидӣ ва аннотатсияҳо ба забонҳои русӣ, тоҷикӣ ва англисӣ доранд.
Маҷаллаи «Паёми филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе» ба «Феҳристи нашрияҳои илмии тақризшаванда, ки дар онҳо бояд натиҷаҳои асосии илмии диссертатсияҳо барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илм ва доктори илм нашр карда шаванд», ки аз ҷониби Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, дохил гардидааст.
Бахшҳои асосии маҷалла
Силсилаи илмҳои табиӣ ва заминшиносӣ:
– математика;
– кимиё;
– заминшиносӣ.
Фармоиши Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
